Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Алии Боқирии Канӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон имрӯз, ҷумъа дар сафҳаи фазои маҷозӣ дар мавриди гуфтугӯи телефонӣ бо Файсал бин Фарҳон, вазири умури хориҷаи Арабистон гуфт, дар партави равобити ҳасанаи байни ду кишвар итминон дорем зуввори эронӣ дар амният, оромиш ва осудагӣ ойини ҳаҷро ба ҷо хоҳанд овард.
Боқирӣ дар гуфтугӯи телефонӣ бо Файсал бин Фарҳон, вазири умури хориҷаи Арабистон, аз ҳузури мақомоти олирутбаи ин кишвар дар маросими бузургдошти шаҳидон Сайид Иброҳими Раисӣ ва Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Эрон қадрдонӣ кард.
342/